Нисбат ба Музаффар Давлатови 73-сола, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) қонуни афв татбиқ карда шуд. Дар ин бора ба журналистон муовини раиси Суди олии ҶТ, раиси ҳайати мушовараи низомии Суди олии ҶТ Абдуҷаббор Сатторов хабар дод.

Моҳи ноябри соли гузашта нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба дастгирии гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша айбдор дониста шуданд, ҳукми суд содир шуд.

Миёни онҳо Музаффар Давлатов низ ҳузур дошт, ки барои ташкил ва иштирок дар гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша (моддаи 185, қ. 1-и КҶ ҶТ) ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

«Мутобиқи қонуни афв, муҳлати ҷазои Давлатов сеяк кам шуда, шикояти кассатсионии пас аз содир шудани ҳукм воридгардида баррасӣ ва ҳукм бетағйир боқӣ гузошта шуда, ҳукми қонунӣ гирифт», - гуфт Сатторов.

Аз 28 нафари маҳкумшуда 7 нафар ба ҳабси абад маҳкум гардида, боқимонда ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ то 30 сол ҷазо гирифтанд. Якчанд нафар аз ин гурӯҳ барои огоҳ накардан дар бораи тайёрии содир намудани ҷиноят ба муҳлатҳои 2-3 сол равонаи зиндон гардиданд.