Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ошкор сохт, ки ба роҳбарӣ ва дастгирии гурӯҳҳои муташаккили қочоқи нашъа дар фаъолияти онҳо гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ, майори милиса Зафар Мирзоев тибқи маслиҳати пешакӣ бо шиноси худ Д.С. ба шаҳрванд П.А. бо мақсади фурӯш ва минбаъд маблағи пулӣ тамаъҷӯйӣ кардан 2 кило героин медиҳад.

Минбаъд маводи мухаддир ба шасони севум дода шуд, онҳо моҳи октябр аз ҷониби кормандони шӯъбаи Раёсати зикршуда дастгир карда мешаванд. Ба сифати «харидор» майор корманди худро истифода бурдааст.

«Зимни  тафтиши пешакӣ ӯ аз боздоштшудагон дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА пора гирифта, онҳоро ғайриқонунӣ аз ҷазои ҷиноӣ озод мекунад. Айни замон дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Агентии мазкур ва Прокуратураи генералӣ созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ҷиноят – майори шӯъбаи раёсат Зафар Мирзоев ва ду нафар шаҳрвандон – П.А. ва Д.С. ба ҳабс гирифта шуданд», - афзуданд дар Агентӣ.

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳафтаи гузашта ба гумони даст доштан дар дастгирӣ ва пуштибонии фурӯшандагони маводи мухаддир сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии мавод мухаддири яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷурми ба роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ, шаҳрванд Р.Х. додани 42 кило маводи мухаддир ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он боздошт шуда буд. Ҳамчунин пуштибони дигари роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ -  сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД-и шаҳри Душанбе подполковники милиса низ ба ин иттиҳом боздошт гардид.