Мақомоти ҳимфзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар баргузор намудани тафтишоти иловагӣ оид ба қазияи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов, ки дар он ду нафар корманди милиса айбдор карда мешаванд, монеа эҷод месозанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандони марҳум хабар доданд.

Дар Прокуратураи генералӣ тасдиқ карданд, ки 18-уми январи соли равон онҳо ба ҳайати мушовараи назоратии Суди олии ҶТ ба таъиноти судии суди ноҳияи Сино дар бораи тафтишоти иловагии ҳодисаи мазкур эътироз овардаанд. Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Ин маълумотро ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ низ тасдиқ намуда, изҳор карданд, ки эътироз мавриди баррасии судяи Суди олӣ Анварҷон Аҳмедов қарор дорад.

Хешовандони Сангов мутмаинанд, ки таъиноти суд ба таври объективӣ содир шуда, дар маводи парванда камбудиҳои зиёд ҷой доранд ва аз ин рӯ, тафтишоти иловагӣ зарур аст.

«Мо аз он дар ташвишем, ки таъиноти суди ноҳияи Сино бекор мегардад ва дар ин сурат айбдоршавандагон мутобиқи моддаи сабуктар ҷазо дода мешаванд, ки ба ҷинояти содиркардаашон мувофиқ нест», - мегӯяд ҳамсари Сангов Сарвиноз Ҳикматова.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар корманди фаврии шӯъбаи ҷустуҷӯйи ҷиноии ШКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов мутобиқи моддаи «хунукназарӣ»  боз шудааст. «Айни замон мақомоти прокуратура ҷиҳати тағйири он ба моддаи сабуктар ҷаҳду талош доранд», - мӯътақид аст Ҳикматова.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд, аммо дар ҷаласаҳои аввал мухолифатҳо миёни баёнотҳои шоҳидии дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷамшуда ва баёноти дар мурофиаи судӣ изҳоршуда ошкор гардиданд.

Аз ин рӯ, ҷониби ҳимоя ба бобати ба таври ғайриобъективӣ сурат гирифтани мурофиа дархост ирсол кард. Суд оид ба ирсоли парванда ҷиҳати гузаронидани тафтишоти иловагӣ таъинот содир кард, аммо ба ин таъинот аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ ба ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанбе эътироз оварда шуд. Эътироз рад карда шуда, он ба суди зинаи назоратии шаҳри Душанбе ирсол гардид, вале дар он ҷо ҳам эътироз рад карда шуд. Пас аз ин мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе бо дастгирии Прокуратураи генералӣ маротибаи сеюм кӯшиш дорад, оид ба бекор кардани таъиноти зикршуда ба Суди олӣ эътироз пешниҳод кунад.

Ёдрас мекунем, ки қазияи мазкур моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ намуданд.