Рӯзи 6-уми феврал шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой аз зиндони Пули Чархии Афғонистон озод карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вахзорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул қарор дошта, тавассути хатсайри ҳавоии наздиктарин ба ватан меояд.
Тобистони соли 2008 се шаҳрванди Тоҷикистон - Яков Тсой, Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отараев дар Афғонистон бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Моҳи июни соли гузашта бо дахолати тасодуфии президенти Тоҷикистон Искандаровро ба Тоҷикистон бозгардонданд. Маҳз ӯ ба ВАО дар бораи тақдири ҳамдиёронаш, ки «аз ҷониби мақомоти махсуси кишвари ҳамсоя боздошт ва сипас бидуни асосу далел маҳкум шуда буданд», изҳорот дод. Моҳи октябри соли 2011-ум Отараеви 50 –сола дар зиндони Пули Чархӣ аз олам даргузашт.
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста