Суди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллӣ Иззатулло Сафаровро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард .

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳр Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, суд ҳамчунин дар бораи мусодираи амволи маҳкумшуда ба фоидаи давлат қарор қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, И.Сафаров дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) гунаҳкор дониста шудааст.

«Дар мурофиаи судӣ исбот гардид, ки Сафаров бо мақсади фурӯш дар маҷмӯъ ҳудуди 7,5 кило маводи мухаддир дастрас карда, ҳангоми фурӯши 332 грамми он ба яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», - гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти манбаъ, соли равон суди шаҳри Кӯлоб 32 адад парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ ва нисбат ба онҳо ҳукм содир кардааст.