То ҳанӯз на ҳамаи афроди дастдошта дар қатли ҳамсари хоҳари президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола боздошт шуданд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон танҳо гумонбаршудаи асосӣ боздошт шуда, баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ӯ аз посух ба суолҳо дар бораи мақсадҳои содир гардидани ин ҷиноят, фарзияҳои мавриди баррасӣ қароргирифта ва ифшои ному насаби боздоштшуда худдорӣ варзид. «Тафсилоти ҷинояти мазкур сирри тафтишот мебошанд. Ман аз тамоми журналистон даъват ба амал меоварам, ки то анҷоми тафтишот сабрро пеша кунанд. Пас аз анҷоми тафтишот оид ба ин парванда маълумоти муафассалу воқеъӣ пешниҳод хоҳад шуд», - зикр кард вазири корҳои дохилии ҶТ.
Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафаров шоми 13-уми июни соли равон дар назди манзили зисташ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуд. Барои ошкор сохтани ҷинояти мазкур бо шумули кормандони Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста