Дар рӯзи нахусти соли нав кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ, зодаи шаҳри Норак Ихтиёр Некқадамовро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз боздоштшуда ба миқдори ҳудуди 23 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин худи ҳамон рӯз сокини 51-солаи шаҳри Конибодом Раҳим Қурбонов низ бо ҳудуди 5 кило ҳашиш ва бангдона дастгир шудааст.

«Раҳим Қурбонов қаблан мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) маҳкум гардида буд», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.