Зимни як амалиёти муваффақонаи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави вилоят ҷилавгирӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти АНМН, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаи дорои моддаи растанинасаб бо бӯи махсус  боздошт намуданд.

«Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ наздик ба 5 кило афюн ва 11 кило ҳашиш будани моддаҳои мусодирашударо таъйид намуд. Аз «меҳмони» афғонӣ, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карда буд, дар маҷмӯъ бештар аз 15 кило мухаддирот мусодира карда шудааст», - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса дар Шуъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаҳои 289, қисми 2 ва 200 қисми 4 (Убури ғайриқонунии марзи давлатии ҶТ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии раёсати номубурда нигаҳдорӣ мешавад.