Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукм нисбати яке аз ғоратгарони хизматчиёни низомии русиягиро содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Дурандеш Иброҳимов хабар дод, моҳи марти соли 2012 Тоҷиддин Назаров ва Виктор Олейник тибқи маслиҳати пешакӣ ду хизматчии низомии Русия Арсентий Иренов ва Сергей Горковро дар роҳ нигоҳ медоранд.

«Сипас онҳо ба низомиён таҳдид намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои шахсӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи низомӣ, телефони ҳамроҳ ва ҳамчун як миқдор маблағи начандон зиёд бо сомониро гирифта, барои баргардонидани онҳо аз ҳар кадоме аз сарбозон 10 ҳазор рублӣ тамаъҷӯӣ мекунанд», - иброз дошт судя.

Ба қавли судя, минбаъд низ Назаров ва Олейник бо ҳамин роҳ боз се нафар хизматчии ҳарбии русиягиро мавриди ғорат қарор додаанд.

Суд Тоҷиддин Назаровро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 248, қ. 3, б. «б» (Ғоратгарӣ) ва 244, қ. 3, б. «б» (Дуздӣ) гунаҳкор дониста, ба 10,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Зимнан зикр гардид, ки Виктор Олейник низ мутобиқи ҳамин моддаҳо муттаҳам дониста шуда, ба ҳамин муҳлати зиндон маҳкум шуда буд.