Дар шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким идома дорад.

«ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии аризаи мазкурро ҳоло ба итмом нарасонидааст», - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши ШКД Умар Муҳриддинов, ки ба баррасии ин қазия машғул аст.

Ба қавли ҳуқуқшиноси ҳафтавор Шуҳрат Қудратов, мутобиқи қонунгузорӣ, қарор оид ба аризаи мазкур бояд дар муддати аз 3 то 10 рӯз аз замони пешниҳоди он содир гардад.

«То имрӯз аз Абдуҷаббор Раҳмонов, дигар кормандони донишгоҳ ва рӯзноманигор М.Ҳоким баёнот гирифта шуда, дар робита ба муайян кардани шахсият ва фаъолияти кории журналист як қатор ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шудаанд», - иброз дошт Ш.Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 1-уми апрели соли равон ректори ДДОТ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ариза пешниҳод намуда, аз кормандони милиса дархост кард, ки нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҳоким «барои амалҳои нодуруст ва ғайриқонунии журналист» чора андешанд.

Ба эътиқоди А.Раҳмонов,  журналист бидуни розигии ӯ ба аксбардорӣ ва суҳбат бо донишҷӯён ҳуқуқ надорад.

Тафсилоти қазияро дар шумораи нави ҳафтавор, ки пагоҳ, 4-уми апрел ба нашр мерасад, мутолиа намоед.