Суди вилояти Суғд як сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд Олим Ҷумъаевро барои суиқасд ба ҷони корманди милиса ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки моҳи августи соли гузашта дар назди мағозаи «Оазис»-и воқеъ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд Ҷумъаев бо алфози қабеҳ панҷ нафар кормандони милисаро ҳақорату дашном дода, сипас гурехтанӣ шудааст.

«Аммо корманди милиса Рустам Хушвақтов аз паси ӯ шуда, зимни расидан ба вай, мавриди зарбаҳои корд қарор мегирад. Ин замон дигар кормандони милиса ӯро боздошт мекунанд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки корманди милисаи захмишуда ҷон ба саломат бурда, ба шуъбаи эҳёгарии яке аз дармонгоҳҳо бистарӣ шуда буд.