Барои узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев як сокини шаҳри Хуҷанд ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Чӣ тавре ки аз суди ноҳияи Шаҳристон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Додобоеви 28-сола тибқи моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 185, қ. 1 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 186, қ. 2 (Бандитизм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, ба 17 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Додобоев аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд боз гардида, ӯ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва моҳи ноябри соли 2012 дар қаламрави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки ҳанӯз соли 2002 Ҳ. Додобоев нахуст ба ҳамкорӣ ва сипас бевосита ба узвияти гурӯҳи ҷиноятпешаи мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҷалб гардида буд. Ба қавли маҳкумшада, то соли 2005 ӯ дар лагерҳои гуногуни воқеъ дар Ӯбекистон тамринҳои омодагири гузаштааст ва  ба онҳо шароити мусоиду музди меҳнати хуб пардохт мекардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 модари маҳкумшуда – Муҳаббат Додобоева низ барои содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикршуда ба 17 соли зиндон маҳкум гардида буд.