Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбат ба собиқ директори КВД «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловск А.Т.-и 55-сола мутобиқи моддаҳои 245, қ. 2, . «г» (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 320, қ. 2 (Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре як манбаъ аз Раёсати мазкур иттилоъ дод собиқ директор ҳангоми фаъолият дар ин мансаб аз моҳи майи соли 2008 то моҳи июли соли 2012, тобистони соли 2011 бо истифода аз ваколатҳо як миқдор маблағҳои корхонаро азхуд мекунад. Санаи 21-уми феврали соли равон зимни додани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА ба корманди Агентиии зиддифасод барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳояш дастгир шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба боварии ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, ӯ анбори кислотаи корхонаро хароб намуда ба он ворид мешавад ва ба маблаги 13 ҳазор сомонӣ оҳанпораро мефурӯшад. Нархи бозории он ба 23 ҳазору 715 сомонӣ баробар буд. Бо ин амалҳои худ ӯ ба корхона ба маблағи 25 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонид. Тафтиш аз рӯи парвандаи мазкур идома дорад.