Ҳайати кормандони тарабхонаи «Кебаб-Хаус»-и пойтахт мавриди лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд.

Кормандони ҷабрдида ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, қазияро шарҳ доданд. Ба гуфтаи Марат, пешхизмати тарабхона, нимашаб ҳангоме ки онҳоро (7 нафар) микроавтобус ба хонаҳояшон мебурдааст, дар назди беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон кормандони БДА ва ОМОН автомашинаи онҳоро нигоҳ медоранд. Сипас як корманди ОМОН аз онҳо ҳуҷҷат пурсида, баъди азназаргузаронии шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ, шиносномаи худи ронандаро талаб мекунад.

Вақте ронанда мегӯяд, ки бо кадом асос аз ӯ шиносномаи шахсӣ талаб карда мешавад, корманди ОМОН бо тамоми қувва ба рӯи ӯ зарба мезанад ва фарёд мекунад, ки «ту ҳоло ҳуқуқҳоятро ҳам медонӣ?!». Сипас мили автоматро ба ҷониби ронанда рост кардааст.

Ба қавли ӯ, ошпази дар паҳлӯи ронанда нишаста кӯшиш кардааст, ки ба ҷанҷол хотима бахшад, вале корманди ОМОН бо пойҳояш ба лату кӯби ӯ оғоз кардааст.

Сипас қарор кардаанд, ки ба шуъбаи милиса мераванд ва баъди чанд муддате дар ҳавлии сарди шӯъба қарор доштан, онҳоро ба беморхонаи табобати нашъамандӣ мефиристанд. Пас аз гирифтани натиҷаҳои манфӣ, соати 4-и субҳ онҳоро ба хонаҳояшон рухсат медиҳанд.

Рӯзи дигар, 18-уми апрел онҳо ба прокуратураи ноҳияи Сино нисбат ба амали ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навиштаанд. «Он шаб мо ба худсарӣ ва қонуншикании комил дучор шудем ва мақомотро аз ин огоҳ карданием, то ки чораҳои зарурӣ андешида шаванд», - гуфтанд ҷардидагон.