Шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди номаълум қарор гирифт.

Тавре узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфулозода хабар дод, ҳамла тахминан соатҳои 19:40 дақиқа дар назди даромадгоҳи манзили зисти ӯ, дар маҳаллаи 91-уми пойтахт сурат гирифтааст.

«Афроди номаълуме ба ӯ дарафтода, бераҳмона лату кӯб ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд. Наздиконаш хуни зиёд талаф додани ӯро дида, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардаанд. Айни замон ӯ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст», - иброз дошт ӯ.

Номбурда мутмаин аст, ки ҳамла ангезаи сиёсӣ дошта, ба фаъолияти сиёсии ӯ марбут аст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ,  ба ҷои ҳодиса муовини вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Сабзов Ш.С., сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Бузмаков А.А. ва гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ҳозир шуда, ҷои ҳодисаро азназар гузарониданд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Айни замон фарзияҳои мавҷудбуда аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, ки бо фармони сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст, мавриди санҷиш қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Хонаи Озодӣ ё Freedom House дар як изҳороти худ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳодисаи мазкур дақиқу саҳеҳ ва беғаразона мавриди тафтиш қарор дода шавад.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки соли равон дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад ва дар ин робита, тайи як соли ахир бо наздикшавии ин маърака ҲНИТ ҳарчи бештар мавриди фишор қарор мегирад.

«Яке аз пешвоёени минтақавии ҳизб моҳи июл зимни амалиёти низомӣ дар ВМКБ кушта шуд. Боз як пешвои маҳаллии дигар барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ҳангоми баргузории амалиёти низомӣ дар курсии айбдорӣ қарор дорад», - баён мегардад дар изҳорот.

Дар ин робита, Freedom House аз ҷомеаи байнулмилалӣ ва ҳукумати ИМА даъват кардааст, ки масъалаи фишор ба ҲНИТ-ро дар сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон ба миён гузоранд.