Дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД ҶТ ҷараён дорад, ки дар он аз фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, дар ҷаласа масъалаҳои санҷиши фаъолияти шӯъбаҳои вазорат дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор ва ҳамчунин вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони вазорат дар амалисозии бандҳои Паёми перзиденти Тоҷикистон ба парлумон баррасӣ мешаванд.