Дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон даъвои шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев алайҳи Русия қонеъ карда шуд. Тобистони соли гузашта С.Ҷӯраев дар ватан ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум шуда буд.

Тавре роҳбари барномаи «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Институти ҳуқуқи инсон (Русия) Елена Рябинина хабар додааст, мувофиқи қарори суд ҳукуматдорони Русия ба даъвогар бояд 30 ҳазор евро товони зарари маънавӣ ва 5,9 ҳазор евро ҷуброни хароҷоти судӣ пардохт кунанд.

Ҷӯраев соли 2006 ба Русия омада, моҳи ноябри соли 2009 дар робита ба мавриди пайгард эълон шуданаш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар Маскав боздошт мешавад. Он замон Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро боздошта, ғайр аз ин ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи муваққатӣ дода шуд. Шаби 31-уми октябр ба 1-уми ноябри соли 2011 ӯ аз Маскав рабуда шуда, баҳори соли 2012 дар Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум гардид.

Суд муқаррар кардааст, ки ҳукуматдорони Русия ба нақзи моддаи 3-и Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳ дода, аризадиҳандаро аз хатари мавриди шиканҷаву кирдори золимона қарор гирифтан ҳифз накардаанд ва аз амали дуздиву маҷбуран ба Тоҷикистон бурдани ӯ пешгирӣ накардаанд.