Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду нафар иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ – Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров мутаносибан 15 ва 13 соли ҷазои маҳрумият аз озодиро дархост намуд.

Тавре адвокатҳои айбдоршавандагон хабар доданд, рӯзи 30-юми апрел ҷаласаи навбатии судӣ доир гардида, прокурор аз суд дархост кардааст, ки Карамхудоев ва Ашӯров аз рӯи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда айбдор эътироф гардида, ба муҳлатҳои зикршуда маҳкум карда шаванд.

Ба гуфтаи адвокатҳо, онҳо даъвати аъзои «Гурӯҳи-20», вазирони мудофиа ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мурофиаро дархост намудаанд, вале суд дархости онҳоро рад кардааст. «Мо маводи ВАО дар бораи гуфтаҳои вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб нашудани иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғ ва аз ҷониби судяи дигар баррасӣ шудани парвандаи мазкурро дархост намудем, вале он ба инобат гирифта нашуд», - гуфтанд онҳо  ва илова карданд, ки то 6-уми майи соли равон суд танаффус эълон кард.

Мурофиаи судии мазкур пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад, зеро ба парвандаи муҳри «махфӣ» гузошта шуда, мурофиаро судяи суди олӣ Нуриддини Расулов раисӣ мекунад.

Раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамудоев ба ғайриқонунӣ нигоҳдории аслиҳа, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳукумат ва Димон Ашӯров ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳукумат ва фирор аз ҳабс айбдор карда мешаванд. Тафтишот бар он назар аст, ки ҳарду ба муқобилати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои маълуми шаҳри Хоруғ тобистони соли гузашта даст доранд.