Муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ имрӯз маросими рӯбарӯкунии Зайд Саидов бо собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро доир намуданд. Ахирӣ низ ба сифати гумонбар дар парвандаи пурсарусадо қарор дорад.

Ба қавли адвокат Шуҳрат Қудратов, барои иштирок дар маросими рӯбарӯкунӣ танҳо ба як адвокат – Фахриддин Зокиров иҷозат додаанд. «Ба гуфтаи ӯ, дар маросими рӯбарӯкунӣ собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара изҳор намудааст, ки соли 2005 барои ҳалли масъалаи хусусигардонии корхона, ки ғайриқонунӣ шуморида мешуд, ба вазири ҳамонвақтаи саноат Зайд Саидов дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пора додааст», - гуфт Қудратов.

Қаблан дар иттилоияи Агентӣ зикр гардида буд, ки дар истеҳсолоти Агентӣ айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Зикр гардида буд, ки ин ҳолатҳо дар дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ вакили маҷлиси вакилони халкии вилояти Сугд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод»-и ш. Исфара, ки тобеъи вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор карда шудаанд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид, ки то ҳанӯз дар онҷо қарор дорад.

Зимни кофтукови дафтари кории с обиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд мусодира шуд.

«Ман бар ин назарам, ки кофтуков ғайриқонунӣ гузаронида шуд, зеро Зайд Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, муфаттишон бидуни маҳрум кардани ӯ аз мақоми дахолатнопазирӣ, ба баргузории кофтуков ҳуқуқ надоштанд», - мутмаин аст адвокат Қудратов.

Тавре қаблан хабар дода будем, нимаи дуюми имрӯз аз даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интизорӣ мерафт, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми май прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи ба серзанагӣ мутааҳам дониста шудани Зайд Саидов хабар дод. Сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон тафтиши ҳамаҷонибаи корхонаҳои мутааллиқ ба Саидовро оғоз намуданд. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки бадномкунии густардаи Зайд Саидов бинобар сабаби нияти аз ҷониби ӯ таъсис додани ҳизби нав сурат гирифтааст.