Дар мурофиаи судии парвандаи маҳкумшуда Ҳамза Икромзода дар тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе, далели лату кӯби бераҳмонаи маҳкумшуда аз ҷониби кормандони мушаххаси муассисаи ислоҳиро шоҳид тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати хизматгузориҳояш аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба ҷабридагон пешниҳодшуда хабар дод, мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба айбдоршаванда – корманди фаврӣ Маҳмуд Исмоилов оғоз гардид, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор карда мешавад.

«Сипас се нафар шоҳидон аз ҷумлаи маҳкумшудагон бозпурсӣ шуда, яке аз онҳо Рафаэл Мақсудов, ки рӯзи марги Ҳамза Икромзода дар камераи №4-и ҳуҷраи ҷаримавӣ ҳамроҳ бо ӯ қарор дошт, изҳор намуд, ки бо чашмони худ аз ҷониби Маҳмуд Исомилов ва дигар кормандони тавқифгоҳ лату кӯб шудани Ҳ.Икромзодаро шоҳид будааст. Нисбати се нафар кормандони дигар – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад. Рафаэл иброз дошт, ки сар ва дастони Ҳамза ҷароҳат бардошта, хуни зиёде мерафт ва ба ӯ лозим омадааст, ки ба ӯ кумаки аввалияро расонад»,- гуфт Холматова.

Ба қавли адвокат, ӯ аз суд даъвати шоҳидони иловагӣ – маҳкумшудагон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошеви пас аз марги Икромзода ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодаро низ дархост намудааст.

Ҳамчунин бо дархости адвокат дар мурофиаи имрӯза ба иштироки модари Ҳамза Икромзода иҷозат шудааст, ки ҳамроҳ бо падараш ҷониби ҷабрдидаро намояндагӣ мекунанд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз се боб иборат аст. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рустам Мирзоев ҷараён дорад.

Моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дода буд, ки аз рӯи ин далел се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.