Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинои сафорати Бразилия дар Маскавро мавриди сангандозӣ қарор додаву ба дари он зарар расонида буд, амали худро ба норозигиаш нисбат ба сиёсати ин кишвар дар масъалаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шарҳ додааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда як шаҳрванди Тоҷикистон ба дари сафоратхонаи Бразилия дар Русия бо сангандозӣ зарар расонида, ҳангоми аз ҷойи ҳодиса ғайб задан дастгир шуд.

«Нисбати ин шаҳрванд мутобиқи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи боздоштшуда, ӯ ба ин амал бо сабаби дар Бразилия ба замин гӯр кардани партовҳои радиоактивӣ даст задааст», - гуфтааст корманди хадамоти матбуот.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта як зодаи Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум бинои сафоратхонаи Бразилияро дар Маскав мавриди сангандозӣ қарор дода, боздошт ва ба мақомоти пулис мунтақил гардида буд.