Зимни як амалиёти кормандони Раёсати ВКДҶТ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Қутбиддинови 34-сола боздошт шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ  18-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 9 килою 088 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони ҳамин Раёсат бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор сокини шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Ҳавасмоҳ Холоваи 36-сола низ боздошт шудааст, ки аз ҳавлии истиқоматиаш 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.