Адвокати Коллегияи ҷумҳуриявии адвокатҳои «Сипар» ба қаллобӣ мутаҳҳам карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, адвокат М.Р. аз шаҳрванд О.М. ҷиҳати мусоидат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани М.К. 2 ҳазор сомонӣ ва аз хоҳари ахирӣ барои мусоидат ба озод намудани ӯ 2,5 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати адвокат мутобиқ моддаи 247, қ. 2 (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтиш парванда ба суд ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 47 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 76 далел) ба қайд гирифта шудааст.