Декани яке аз бузургтарин муассисаи таълимоти олии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷониби кормандони ин шуъба ва мақомоти прокуратураи вилоят котиби масъули комиссияи қабули ДДХ, декани яке аз факултаҳои ин донишгоҳ О.М. бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шудааст. Тафтишот бар ин назар аст, ки ӯ ин маблағро аз шаҳрванд О.Б. барои муосидат ба қабул шудан ба донишгоҳ тамаъ кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Парванда дар баррасии прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 22 ҳодисаҳои гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 23 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд.