Як нафар сокини вилояти Суғд худро корманди ҳукумат муаррифӣ намуда, ба қаллобӣ машғул шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан З.С, қаблан маҳкумшуда ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ мутобиқи моддаи 247, қ. 3 (Қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи майи соли равон ӯ бо роҳи фиреб боварии сокини Хуҷанд С.А.-ро ба даст оварда, худро корманди ҳукумати шаҳри Хуҷанд муаррифӣ мекунад ва ба ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил аз ӯ 8 ҳазору 540 сомонӣ маблағ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсӣ масраф месозад.

Зимнан зикр гардид, ки бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ӯ аз ду нафар сокинони дигари шаҳри Хуҷанд низ дар ҳаҷми 7 ҳазору 300 сомонӣ ва 19 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст. Аз рӯйи ин далелҳоитафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсия дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 47 далели қаллобӣ (нимсолаи аввали соли 2012 – 76 далел) ба қайд гирифта шудааст.