Собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, ӯ ҳамчунин ба пардохти 1 млн. рубл ба волидони ҳалокшуда ва каме бештар аз 200 ҳазор рубл ба боз як сокини дигари латукӯбшудаи шахри Челябинск низ уҳдадор шуд.


Виталий Спиридонов шаби 4 августи соли 2015  мавриди лату кӯб қарор гирифт . Он ҳангом Ҷамилов боз ду нафар аз дӯстони ӯро низ лату кӯб кард. Мухлис ба ҳуш наомада, дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳр ба ҳалокат расид.


Ҷинояткор шаби 12 август боздошт шуд. Шахсияти ӯ тариқи камераи мушоҳидавӣ маълум карда шуда, Ҷамилов аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуда буд.