Парвандаи ҷиноятии нисбат ба Назокатхон Тоирова, ки гуфта мешавад моҳи сентябр чор фарзанди ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд, бо эълони фикри айбдорӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.
Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.
“Баъди он ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис гузарондаву Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, муфатиш нисбат ба ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ айб эълон карда, парвандаро ба суд ирсол кард. Худи Назокатхон Тоироваро аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боздоштгоҳи пешакӣ дар шаҳри Бохтар инқтиқол доданд”, - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Назокатхон Тоирова, зане, ки гуфта мешавад дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани вазъи равонияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода буданд.
Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” дар Додситонии ивлояти Хатлон, пештар бар асоси хулосаи ташхиси додгоҳию равонпизишкӣ ва амбулатории Муасисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии” назди Вазорати тандурустӣ Назокатхон Тоирова барои муайян кардани вазъи равонӣ ва ин ки оё гирифтори бемории равонӣ аст ё не, дар беморхонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён Назокатхон Тоирова бо роҳи буғӣ кардан чор фарзанди худро кушта, баъдан худаш ба ШВКД дар шаҳри Бохтар омада аз ин ҷиноят хабар медиҳад.
Он замон як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, гуфта буд, ки ин зан кӯдаконро бо шеваи мудҳише ба қатл расонидааст. Ин манбаъ ҳамчунин гуфта буд, ки нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104, қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “и” (куштор) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста