Як ҷавони 30-сола дар шаҳри Душанбе барои рафтори дағалонааш нисбат ба шоира Адибаи Азиз аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҳабс гардидааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Адибаи Азиз ба пулиси Душанбе шикоят бурдааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда нисбаташ санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаро пулис дастгир карда, маълум шудааст, ки ӯ Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини Душанбе буда, қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”.

Худи Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд. "Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Пулиси Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.