Кормандони милитсия сокини ноҳияи Варзобро ба гумони даст доштан дар куштори соли 1995 рухдода боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба куштори 26 сол пеш содиршуда марди 50-сола гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, соли 1995 ин мард аз пулемёти Калашников 5 хизматчии ҳарбиро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон парронидааст.
“13-уми майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст”, - омадааст дар хабари ВКД.
Зикр мегардад, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста