ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки се далели кушторро дар ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) ва Фархор (вилояти Хатлон) ошкор кардааст.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД, дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор миёни зани 55-сола ва келини 31-солааш муноқиша сар зада, келин бо 2 зарбаи корд хушдоманро захмӣ мекунад. Дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.
Дар ҳодисаи дигар сокини 45-солаи ноҳияи Спитамен, ки қаблан доғи судӣ дошт, 17 октябр бар асари муноқишаи оилавӣ ба сари ҳамсараш бо санг якчанд маротиба зарба зада, то марг ӯро лату кӯб кардааст.
“Сипас гумонбаршаванда бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти худ ҷасади ҳамсарашро ба халта андохта, ба оби канали «Фарҳод» партофтааст, - омадааст дар хабар. - Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Ҳодисаи сеюми одамкушӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, гумонбаршуда марди сокини 27-солаи ҷамоати Унҷӣ ҳангоми муноқишаи оилавӣ ба ҷисми ҳамсараш бо корд 13 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сипа, гумонбаршаванда бо корд худро захмӣ карда, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста