Рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, ба парвандаи Далери Имомалӣ, ки з ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) боз шуда буд, моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ") илова гардидааст.
Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.
Қаблан Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад мекунад.
“Ман ягон ният ё мақсади муноқиша бо кормандони милитсияро надоштам. Маро ҷавоб доданд ва ман хостам, ки аз бино берун шавам, лекин дар назди постгоҳ бо корманди милиса дучор шудам, ки ӯ пеши роҳамро гирифт. Баъдан маро дастгир карда, ба бино ворид карданд. Пас аз он эьлон карданд, ки гӯё ман корманди милитсияро зада бошам”, - гуфтааст Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба адвокат.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июн Далери Имомалӣ хабар дода буд, ки аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд ва баъдан мавриди лату кӯб қарор гирифт.
Ӯ ҳангоми кӯшиши таҳияи гузориши видеоӣ дар бораи қабули шаҳрвандон дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд.
Ба дастгирии блогер ва дигар журналистон, ки мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтанд, ҷомеаи рӯзноманигорӣ садо баланд кард.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ бо дархости санҷиши мӯшикофонаи ин ҳодиса ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуд.




Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста