Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи баррасӣ намудани баҳсҳо дар соҳаи андозро ба баҳс кашиданд.

Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:

Баҳсҳои андоз аз ҷониби кадом мақомоти давлатӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд?

- Чӣ тавре, ки аз мазмуни моддаи 159 Кодекси андоз бармеояд, ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Шикоят нисбат ба санадҳои мақомоти андоз ҳамзамон маънои шикоят нисбат ба қарорҳои дар асоси чунин санадҳо қабулшударо дорад. Андозсупоранда  метавонад бо тариқи маъмурӣ  ба мақомоти болоии андоз ва (ё)  ба суд шикоят намояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба суд шикоят намояд.

Оё тартиби ҳалли пешазсуддии баҳсҳо дар соҳаи андоз вуҷуд дорад ё не?

- Дар моддаи 160 Кодекси андоз дар бораи Шурои ҳалли пешазсуддии баҳсҳо меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо мақомоти байниидоравии машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андоз дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад, ки ҳайати он аз ҳисоби намояндагони мақомоти соҳаи молия, адлия, дастгирии соҳибкорӣ, андоз, мақомоти соҳавӣ, коршиносон ва машваратчиёни мустақил таъсис дода мешавад. Фаъолияти Шуро аз баррасии пешазсудии масъалаҳои марбут ба андозбандии андозсупоранда ва мақомоти андоз, шикоятҳои андозсупорандагон нисбат ба санад ва қарорҳои мақомоти андоз ва масъалаҳои дигаре, ки хулосаи соҳавиро талаб менамоянд, иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки  фаъолияти Шуро дар доираи вазифа ва касбияти иштирокчиёни он ройгон амалӣ карда мешавад. Аз рeи натиxаҳои баррасии масъалаҳои матраҳшуда Шуро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба қабули қарори дахлдор хулосаи тавсиявӣ пешниҳод менамояд.

Оё то баррасӣ гардидани шикояти андозсупоранда пардохти андоз, ҷаррима ва  фоизҳо боздошта мешавад ё не?

- Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблаuҳои андоз, xаримаҳо ва фоизҳо дар моддаи 161 Кодекси андоз пешбинӣ шудааст. Мувофиқи талаботи меъёри мазкур, то ба охир расидани баррасии аризаи (шикояти) андозсупоранда нисбат ба санад ё қарори мақомоти андоз тибқи муқаррароти бобҳои 17 ва 18 Кодекси мазкур танҳо қисми эътирофгардидаи уҳдадориҳои андозӣ пардохт ва ситонида мешавад. Фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидан танҳо нисбат ба маблаuи эътирофшудаи андозҳои иловатан ҳисобшуда, аз xумла маблаuҳои андозии баъди баррасии шикоят аз xониби андозсупоранда эътирофшуда ҳисоб карда мешаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.