Дар шаҳри Ҳисор кормандони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як мансабдори давлатиро бо талаби 13 ҳазор сомонӣ пора барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин дастгир намуданд.
Ба итилои дафтари матбуотии Оҷонсии зиддифасоди кишвар, нисбати Маҳмуд Саидов, мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор бо моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
“Маҳмуд Саидов дар давраи фаъолияти кориаш аз 2 шаҳрванд барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 1 ҳазору 2426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”, – омадааст дар хабарномаи оҷонсӣ.
Дар ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки 28 феврали соли равон дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба сохторҳои масъул дастур дода буд, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои кишт ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста