Дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 254 ҳолати қочоқи молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори умумии бештар аз 58 тонна ошкор гардидааст, ки арзиши умумии он қариб 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Маҳмадалӣ Пардазода, сардори шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, қочоқи молу маҳсулоти хӯроквории пастсифат асосан тавассути сарҳад дар ҳудуди шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен ба назар мерасад.
“Дар марзи Тоҷикистон бо Қиғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд 164 гузаргоҳи ғайрирасмӣ ва чаправҳо вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир буда, қочоқ тавассути онҳо ворид мешавад”, - гуфт Маҳмадалӣ Пардазода.
Тибқи иттилои ироагардида, дар 9 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон тавассути сарҳад дар вилояти Суғд як тонна биринҷ, 4,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1,1 тонна меваи хушк, 1,5 тонна меваи тар, 4,4 тонна равғани растанӣ, 13, 3 тонна афшураи мева, 500 кг ҳасиб, 8,1 тонна нӯшокии қувватбахш, 17,5 ҳазор тонна оби ҷав, 6 ҳазор дона тухми мурғ ва 22,2 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ ба таври қочоқ ворид шудааст.
Аксарияти қочоқчиён хонаҳои истиқоматии дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойгиршударо ҳамчун анбор ё корхонаи истеҳсоли ғайриқонунӣ истифода намуда, молу маҳсулоти ғайриқонунӣ ворид ва истеҳсолкардаашонро дар ин хонаҳо нигоҳ медоштанд ва минбаъд аз он ҷо ба муомилот мебаровардаанд.
“Дар робита ба ҳолатҳои қочоқи молу маҳсулоти пастсифат тибқи моддаи 209-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”, - таъкид дошт Маҳмадалӣ Пардазода.
Бояд гуфт, ки гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз низои ахир дар моҳи сентябри соли 2022 пурра баста аст. Онро ҷониби Қирғизистон аз ҷониби худ бастааст.
Бо Ӯзбекистон бошад, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз буда, сокинон озодона рафтуомад мекунанд ва тоҷирон молу маҳсулоти худро ворид ва содир менамоянд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста