Додгоҳи шаҳри Маскав Аҳадҷон Зоҳидов, як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат (моддаи 275-и Кодекси ҷиноятии Русия) ва қочоқи силоҳ (қисми 1 моддаи 30; банди “в” қисми 2 моддаи 226.1  Кодекси ҷиноятии Русия)  13 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора “Mediazona” хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, Зоҳидови 36-сола бар асоси моддаи хиёнат ба давлат ба 12,5 сол ва бо моддаи қочоқи силоқ 4 соли зиндон маҳкум шудааст. Баъд аз ҷамъбасти шартҳо додрас Александр Рибак ҳукми 13 соли зиндонро эълон кардааст.

Маълум нест, ки ин тоҷири тоҷик бо кадом кирдораш ба давлати Русия хиёнат ва дар кадом шакл қасди тиҷорати силоҳ кардааст.

Рибак тавзеҳ додааст, ки судшаванда ду маротиба силоҳ қочоқ карда, дар шаш ҳолати дигар қасди қочоқи силоҳро кардааст.

Дар сӯҳбат бо “Mediazona” вакили мудофеи Аҳадҷон Зоҳидов аз посух ба ин суол, ки зерҳимояаш ба гуноҳаш иқрор мешавад ё на, худдорӣ кард, вале ваъда додааст, ки аз болои "ҷазо сангин" шикоят хоҳад бурд.

Бояд гуфт, ки ҷузъиёти дигари парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зоҳидов маълум нест.

Банди қонуне, ки тибқи он Зоҳидовро ҷазо додаанд, аз сарҳад интиқол додани моддаҳои заҳрогин, маводи тарканда ё дигар лавозимоти ҷангиро дар назар дорад.

Вале “Mediazona” навиштааст, ки соли 2021 дар деҳаи Бреховои Химкии назди Маскав ба номи Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷонович як соҳибкории инфиродӣ сабти ном шудааст, ки ба  фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст.

Алайҳи Зоҳидов 12 сентябри соли 2022 парвандаи ҷинотяӣ оғоз шуда, сипас ӯро боздошт ва рӯзи дигар ба Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО интиқол додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.