Ду рӯз пеш, 7-уми ноябри соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтои чиниаш масъалаи истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ намуд. Пештар аз ин, ӯ бо ҳамтои қатарӣ ва туркаш ҳам ин масъаларо муҳокима карда буд. Зимни сафар ба кишварҳои аврупоӣ, ки аксари мухолифини тоҷик дар онҷо паноҳ бурдаанд, ҳам яке аз масоили баррасигардида маҳз истирдоди гумонбарон ба ҷиноят, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон буд.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, бо назардошти мулоқотҳои ахири Юсуф Раҳмон бо ҳамтоёни хориҷиаш аз созишҳои имзошуда ҷиҳати истирдоди гумонбарон ба ҷиноят, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон ёдоварӣ намояд.

Баррасии истирдоди гумонбарону ҷинояткорон

Тавре зикр гардид, иттилои охир дар бораи баррасии масъалаи истирдоди ҷинояткорон миёни Юсуф Раҳмон ва Ин Юн, додситони кулли Чин зимни вохӯрӣ дар Чин рӯзи 7-уми ноябри соли равон матраҳ гардид.

Ҷонибҳо дар баробари дигар мавзуъҳо, “масъалаи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ”-ро баррасӣ намудаанд.

Пештар аз ин, Додситонии кулли Тоҷикистон зимни силсиласафар ба Аврупо, ки аксари мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар ин кишварҳо паноҳанда шудаанд, бо додситонҳои кулли чандин давлатҳо мулоқот ва масъалаи боздошту истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ карда буд.

Аз ҷумла, додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания дар баробари баррасии масъалаҳои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ҳамчунин, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткоронро баррасӣ карданд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Чин

Юсуф Раҳмон бо роҳбарияти Додситонии кулл, Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли равон мулоқот намуд.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин, рӯзи 22-юми сентябри соли равон бо Фредерик Ван Лёв, додситони Подшоҳии Белгия ва чанде аз мақомдорони баландпояи ин кишвар мулоқотҳо анҷом дода, “рафти баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ва қабул кардани шаҳрвандони дар ҳудуди якдигар ғайриқонунӣ қарордошта...”-ро баррасӣ кард.

Як рӯз пеш аз ин, 21-уми сентябр додситони кулли кишвар бо Ладислав Ҳамран, Президенти Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ, воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд ба таври маҷози мулоқот карда, “ба роҳ мондани табодули маълумоти тафтишотӣ ва иҷрои дархостҳои якдигар оид ба истирдоди ҷинояткорон ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба тафтиши ҷиноятҳои трансмиллӣ...”-ро баррасӣ кард.

Қабл аз ин, Юсуф Раҳмон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) дар шаҳри Лиони Фаронса мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд.

Юсуф Раҳмон бо Стивен Кавана

Тавре иттилоъ дода шуд, масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин мулоқот буд.

Рӯзи 2-юми майи соли равон Юсуф Раҳмон бо Бекир Шоҳин, додситони кулли Туркия мавзуи “истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон... ва мубориза бо тероризму ифротгароӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Онҳо ҳамчунин, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани шаҳрвандони зиндониро аз хоки кишварҳои ҳамдигар муҳокима кардаанд.

Туркия низ аз ҷумлаи кишварҳоест, ки даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон борҳо аз Туркия барои боздошту истирдоди аъзоёни созмонҳои мухолифи ҳукуматро дархост карда буд, вале мақомоти турк то ҳанӯз ҳеч кадоме аз онҳоро истирдод накардаанд.

Созишномаҳои то ин замон имзошуда

Дар баробари баррасии масоили вобаста ба истирдоди гумонбарон ба ҷиноят, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон ҳамчунин, созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва чандин кишвар имзо шудааст.

Аз ҷумла, соли равон миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Қатар се шартномаи  байналмилалӣ ба имзо расид, ки дутои он ба истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо дахл дорад.

Шартномаҳо дар доираи сафари Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ, додситони кулли давлати Қатар ба Душанбе, ки 22–23-юми октябри соли 2023 сурат гирифт, имзо шуд.


Миёни кишварҳои Аврупо Маҷористон нахустин кишварест, ки бо Тоҷикистон Шартнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва Шартномаи истирдод байни ду кишварро имзо кардааст. Ин созишномаро дар моҳи декабри соли 2021 порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонда буд.

Созишнома дар бораи истирдодро 7-уми апрел дар Душанбе прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто имзо карда буданд.

Мувофиқи ин санад, Душанбе ва Будапешт шаҳрвандони ҳар ду кишварро, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаву мавриди пайгард эълон шудаанд, инчунин шаҳрвнадонеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон адои ҷазо мекунанд, ба ихтиёри ҳамдигар месупоранд.

Дар моҳи сентябри соли равон роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон бо намояндагони додситониҳои кулли Русия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ИДМ мулоқот карда, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони махсусан хавфнок, муқовимати муштарак ба терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳоро баҳс карда буд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 8-уми июни соли равон Юсуф Раҳмон бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон масъалаи истирдоди ҷинояткоронро дар Душанбе баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкорӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон гуфтугӯ кардаанд.

Рӯзи 9-уми марти соли 2022 палатаи поёнии Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагон миёни Тоҷикистон ва Эронро ба тасвиб расонд. Ин созишнома баъди сафар ва мулоқоти Додситони кулли Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш дар рӯзи 7-уми феврали соли 2022 сурат гирифт ва онҳо дар ин вохӯрӣ онҳо истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ ва чанд ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ҳам имзо карда буданд. 

Тибқи асноди дар сомонаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нашршуда, Тоҷикистон бо Украина, Эрон, Афғонистон, Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ чунин созишнома дорад.

Дар ҳамин ҳол, инчунин Конвенсияи кишварҳои аъзои ИДМ “Дар бораи бозпас додани ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо” дар кишвари худ амал мекунад, ки ба он дар баробари Тоҷикистон Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд.

Ин аст, ки ҳамасола Русия даҳҳо нафаре, ки таҳти пайгард қарор доранд, ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Аз ҷумла, соли гузашта 13 нафарро ба Тоҷикистон дода буд.

Ёдовар мешавем, ки танҳо дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд.

Ин рақам дар гузориши Юсуф Раҳмон ба порлумон дар моҳи марти имсол садо додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.