Ҷавоне, ки навори латукӯби ноболиғ аз ҷониби ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба миён овард, аз ҷониби мақомоти милитсияи кишвар дастгир шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш аз ин ҷавон Фирдавс Қудратуллозодаи 18-сола, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Буниҳисорак-75/2-и ноҳияи Сино ном бурдааст, ки баъди дашноми ҷавони дигари 3 сол аз худ хурд ӯро латукӯб кардааст.

Ин ниҳод гуфт, ин ҷавони 18-сола зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид ва зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ӯ  ноболиғ Ҷ.А (номи ноболиғ бо далоили ахлоқи оварда намешавад)-ро баъди дар назди дӯстонаш дашноми қабеҳ додан  латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.

“Номбурда (Фирдавс Қудратуллозода) ӯро (ноболиғ Ҷ.А. дар назар аст) дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад. Сипас, ӯро барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст”, - навиштааст ВКД.

Ин ниҳоди қудратӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми декабри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки шахси ношиносе писарбачаи ноболиғро тариқи таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) шиканҷа ва латукӯб менамояд. Ин навор хашми корбарони шабкаҳои иҷтимоиро барангехт ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки латкӯбкунанда ҷазо дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.