Дар Конибодом марди 32-сола бо иттиҳоми куштори модараш бо бераҳмии хос боздошт шудааст. Ин мард модари 65-солаи худро 136 маротиба корд задааст.

Ба иттилои гузориши “Милитсия хабар медиҳад”, муноқиша миёни Шаҳриёр Норматови боздоштшуда ва Халимаҷон Норматоваи ҷонбохта рӯзи 24-уми ноябр рух додааст.

Сабабҳои муноқиша байни модару писар маълум нест, вале худи Шаҳриёр Норматов дар гузориши мазкур дар бораи куштани модараш муфассал сӯҳбат кардааст.

“Кордро гирифта, ба назди ман омаданд ва мехостанд маро зананд. Аммо кордро аз дасташон гирифта, як маротиба ба рӯяшон задам. Баъд - дар шикамашон, дасташон, гарданашон ва сарашон задам... Афтиданду мурданд”, - мегӯяд Шаҳриёр Норматов.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Шаҳриёр Норматов ба ҷисми модараш 136 зарбаи корд задааст.

Инчунин, ӯ барои пӯшонидани осори ҷиноят, либоси хунолудаи модари кушташударо иваз карда, ба ҳуҷрааш бурда, хобонда, хуни фарш ва корди истифодашударо шуста, тоза кардааст.

“Баъди як рӯз Норматов ба хешовандонаш дар бораи марги ногаҳонии модараш хабар медиҳад, аммо аломатҳои марги маҷбурӣ ва захми аёни гардани майит ба гумони “марги ногаҳонӣ” шубҳа овард. Тафтишот асли воқеаро рӯшан сохт”, - гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ин зан аз бемории рӯҳӣ ранҷ мебурд ва аз соли 1993 дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки худи Шаҳриёр Норматов дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном нашудааст, вале вазъи равонии ӯ ташхис карда мешавад.

Нисбати Шаҳриёр Норматов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои куштор бо бераҳмии шадид ба ӯ то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.