Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург ду наврасеро, ки дар ҳамла ба кӯчарӯбон гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд, хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.
Кормандони Маркази минтақавии муқовимат бо ифротгароӣ (экстремизм) сабти видеои ҳамлаҳо ба кӯчарӯбонро пайдо карда, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ ду навраси 16-соларо боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳамлаҳо дар давраи аз 15 то 20 декабр сурат гирифтаанд.
“Аз рӯи ин делелҳо мақомоти тафтишоти пулис мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд”, - омадааст дар хабари мақомоти пулиси Санкт-Петербург.
Дар хадамоти матбуот зикр кардаанд, ки аз ҳамлаҳои наврасон ду зан ва се мард осеб дидаанд. Ба истинои як зани ҷабрдида, боқимонда зодагони кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.
Тавре ки “Фонтанка” хабар медиҳад, наврасон худашон Telegram-канал таъсис дода, сабтҳои видеоии ҳамлаҳояшонро нашр мекардаанд.
Дар ҳамлаҳои худ онҳо ба рӯйи кормандони хадамоти коммуналӣ аз баллонча маҳлуле пошида, пас аз ин онҳоро мавриди лату кӯб қарор медодаанд. Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулис инчунин навраси 14-солаи хонандаи синфи 8-умро низ ба сифати шоҳид боздошт кардааст.