Дар ноҳияи Кӯшониён 3 ноболиғ ба гумони даст доштан дар дуздӣ аз мағозаи хӯрокворӣ боздошт шуданд.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 29-солаи шаҳри Бохтар ба ШВКД Кӯшониён муроҷиат намуда, аз дуздӣ дар мағозаи хӯроквориаш рӯзи 18 феврал хабар додааст.

“Шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш 8 ҳазору 700 сомонӣ ва маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, - омадааст дар хабари Вазорат. - Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро се ноболиғи 15 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён содир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 555 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки 182 ҳолат камтар нисбат ба соли 2022 (737 ҳолат) мебошад.

Миқдори зиёди чунин ҷиноятҳо ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ - 174 ҳолат, вилояти Хатлон - 66 ҳолат ва ВМКБ - 15 ҳолат рост меояд.

Дар пойтахт шумори ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда дар соли 2023 нисбат ба соли пешин (соли 2022) 47 ҳолат камтар шуда,ҳамагӣ 89 ададро ташкил додаанд. Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешин (соли 2022) 20 ҳолат камтар шуда, 100 ададро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.