Чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ таҷҳизоти барқӣ ва дигар молу маҳсулоти арзишдорро тасарруф кардаанд. Бар зидди чанд нафари онҳо барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Эргашев Б.С. дар вазифаи сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” кор карда, бо истифода аз ваколати мансабдорӣ ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир намудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда дар раванди содир кардани ҷиноят бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул маслиҳати пешакӣ анҷом додааст.
Манбаъ менависад, Эргашев Б.С. дар анбори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накардааст.
“Эргашев давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ (ду миллиону 136 ҳазору 613 смониву 31 дирам - АП) бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”, - меафзояд Агентии зиддифасод.
Ҳоло нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида пурра барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
Назари гумонбаршудагон дар ин робита маълум нест. Аммо ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки Агентии зиддифасод дар бораи фасодкорӣ дар низоми тақсимоти барқ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки чанде пештар “Азия-Плюс” бо такя ба шикояти сокинон ва фактҳои бадастоварда дар бораи ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсиму фурӯши барқ мақолаи муфассал навишта буд.
Дар асоси фактҳо, кормандони ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаҳо мардумро маҷбур мекунанд, ки барои иваз кардани ҳисобкунакҳои барқ, насби трансформатор, сутунҳои хатти барқ ва ғайра маблағи гарон пардохт кунанд ва роҳбарони ин корхона аз ин қонуншиканӣ чашм мепӯшанд.
Аз он ҷумла, дар ҳоли ҳозир дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон низоми биллинг роҳандозӣ шуда, ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ насб карда мешаванд, аммо тавре сокинон мегӯянд, дар ин рӯзҳо ивази иҷбории ҳисобкунакҳои барқ бо арзиши аз 600 то 1200 сомонӣ идома дорад.
Ғайр аз ин, бо афзоиши шумораи муштариён дар маҳалли аҳолинишин ё бунёди маҳаллаҳои нав масъалаи насб ё иваз кардани трансформаторҳо мубрам мегардад. Вақте сокинон дар ин робита ба масъулин муроҷиат мекунанд, онҳо мегӯянд, “агар таҷҳизотро худатон ёбед, мо онро васл мекунем”.
Пас аз ин, сокинон ба ҷамъоварии маблағ барои трансформатор, сутунҳо, симҳо ва дигар таҷҳизоти лозима шурӯъ мекунанд ва одатан лавозимотро аз сохибкорон харида, ба коргарони “Барқи тоҷик” медиҳанд.
Як трансформатори истифодашуда бо иқтидори 40 ватт камаш 30 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Арзиши ҳар як сутун (столба) аз 1,5 то 3 ҳазор сомонӣ аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ ин вазифаи кормандони “Шабакаи тақсимоти барқ” аст ва набояд маблағи изофӣ талаб кунанд.
Бештар дар ин бора дар мақолаи “Аҳолии Тоҷикистон барои насби ҳисобкунакҳо маблағ пардохт мекунанд. Чаро мақомот аз ин кор чашм мепӯшанд?” маълумот гиред.
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста