Тафтиши парванда оид ба содир шудани амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” ба поён расид. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС адвокати яке аз айбдоршавандагон Олег Власов иттилоъ додааст.
“Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи парванда ба анҷом расида, ҷонибҳо ба шиносоӣ бо маводи он оғоз карданд. Тибқи қонун, ин корро аввал ҷабрдидагон мекунанд, ки ҳудуди 1 ҳазор нафаранд. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки парванда ҷиҳати баррасӣ базудӣ ба додгоҳ дода шавад”, - иброз доштааст адвокат.
Дар ҳамин ҳол, РИА Новости хабар медиҳад, ки вакилони дифои айбдоршавандагон ба додгоҳ ирсол шудани парванда дар бораи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро охири моҳи март - як сол гузаштан аз ин ҳодиса интизоранд. Ин маълумотро ба хабаргузорӣ боз як адвокат тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки ба додгоҳ расидани парвандаро то 25 март интизор аст.
Ёдрас мекунем, ки ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифт.

Ин ҳамла яке аз бузургтарин амали террористӣ дар Русияи муосир ба шумор рафта, масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Вилояти Хуросон” - шуъбаи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон ба дӯш гирифт.
Дар робита ба даст доштан дар ин амал мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 нафарро ҳамчун гумонбар ба содир намудан ё мусоидат ба ҳамла боздошт намуданд, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Баъдан раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи 27 нафар иштирокчии парванда изҳори назар кард. Ғайр аз ин, хабар дод ӯ, бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок ва боз 551 каси дигар осеб диданд.
Қобили зикр аст, ки дар Русия пас аз амали террористӣ сангинтар шудани реҷаи кор ва будубоши муҳоҷирон ба мушоҳида мерасад.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста