Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик ва сардабири ягона нашрияи мустақили вилояти Хатлон - “Пайк” ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Аҳмади Иброҳим 10 сол равонаи зиндон шудааст.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, гуфт, ҳукми ӯ 10-уми январи соли равон аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Кӯлоб содир шуд.
Тибқи иттилои раиси Додгоҳи олӣ, Аҳмад Иброҳим ба тамаъҷӯӣ (моддаи 250 қисми 2), даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз ВАО ё шабакаи интернет (моддаи 307 (1) қисми 2) ва додани пора ба шахси мансабдор (моддаи 320 қисми 2) айбдор мешавад.
Ба таъкиди Мирзозода, ҳукми мазкур аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст ва то ҳол нисбати он шикояте нашудааст.
“Аз ин бар меояд, ки худи Аҳмади Иброҳим аз ҳукми содиршуда розӣ аст. Дар ҳолати ворид шудани шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, судҳои болоӣ парвандаро бозбинӣ мекунанд” - гуфт ӯ.
Худи Аҳмади Иброҳим дар як номааш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.
Ӯ моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор карда, вале то ба ҳол шарҳ надода буданд.
Худаш иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, "агар касе гумон дорад, ки журналистонро роҳбарияти ҳукумат ба маҳбас кашидааст, хато мекунад".
Вай боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифтааст.
Созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ва дохилӣ ҳукми ӯро вазнин хонда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки он бозбинӣ карда шавад.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.
Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.





“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста