Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, парвандаи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки гуфта мешавад, дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, ба Додситонии кулл ирсол шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар, дар шарҳи парвандаи Парвиз Одинаев гуфт, марги фарзанд дар пайи шиканҷаи падар “мудҳиштарин ҷиноят” аст. Ӯ афзуд, гарчанде гумонбар кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро дошт, вале аз ҷониби кормандони мақомот дастгир гардид.

Рамазон Раҳимзода
Акс аз Asia-Plus

Аскарҷон Абдурасулзода, сардори Раёсати тафтишотии ВКД дар шарҳи парвандаи мазкур гуфт, ки нисбати Парвиз Одинаев бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парванда боз шуда, дар баррасии Додситонии кул қарор дорад. Ин  банди қонунгузорӣ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи номбурда алҳол парастории дигар фарзандони хонавода бар уҳдаи Фарзонаи Шариф, модари Хусрав Одинаев қарор дорад. Парвиз Одинаев дар боздошт аст.

Марги Хусрав Одинаев аз дасти падараш ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Ин ҳодиса пас аз нашри наворе расонаӣ гардид. Дар он навор, ки зоҳиран аз сӯйи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри иттилоияе ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст.

Ахиран Фарзонаи Шариф дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки фарзандаш аз сӯйи падар дар “адир шиканҷа шудааст”, аммо фарзияи “дар наздаш латукӯб шудани фарзандаш” ва аз сӯйи падар дар таҳхона маҳкам кардани ӯро рад кард. Ӯ иброз дошт, ки писараш “вақтҳои охир беадаб шуда буд”.

Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.