Парвандаи Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ки ба 7 сол зиндон маҳкум гардид, бо боздошти Парвиз Рӯзизода, декани пешини факултети биология ва химияи ин донишгоҳ пайванд будааст. Ректор барои ба вазифаи декан таъин намун, аз Рӯзизода пора гирифтааст.
Диловар Мирзоҳомидзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 7-уми август ҳукми 7 соли зиндони Аюб Усмонзодаро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ ба гирифтани пора дар ҳаҷми калон ё моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор шуд.
“Ҳамчунин, бо ҷазои иловагӣ барои маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст”, - гуфат Мирзоҳомидзода.
Вале ӯ нагуфт, ки ректори пешин аз декан кай ва чӣ қадар пора гирифтааст.
Бояд гуфт, Аюб Усмонзода 11-уми марти соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт гардида буд.
Пас аз боздошт, ҳамсари Аюб Усмонзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Аюб Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултети биология ва химияи ин донишгоҳро дастгир шуд. Он замон маълум набуд, ки боздошти онҳо то куҷо ба ҳам алоқамандӣ дорад.
Ҳамакнун маълум мешавад, ки боздошти онҳо ба ҳамдигар рабт доштааст.
Наздикони Парвиз Рӯзизода аз болои ҳукм шикоят кардаанд
Раиси Додгоҳи Хуҷанд дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳукми Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июн содир шуда, ӯ ба гирифтани пора (модддаи 319) аз шахси мансабдор ва ҳаракатҳои зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139) гунаҳкор ва 17 сол равонаи зиндон шуд.
Гуфта мешавад, ки Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июни соли 2025, баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар боздоштгоҳ даргузашт. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.
Ба иттилои раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд вакили дифоъ ва хешовандони Павриз Рӯзизода аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ карданд ва ҳоло дар баррасӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони донишгоҳи мазкур бори аввал расонаӣ намешавад. Моҳи гузашта дар нишасти хабарии худ Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки “дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсиониро дар Донишгоҳро ошкор кардан”д.
Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Нисбати онҳо ҳукм содир шудааст ё не маълум нест.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста