Додгоҳи вилояти Хатлон Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро, ки тобистони соли равон 3 кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба куштор гунаҳкор ва 28 сол равонаи зиндон кардааст.
Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз додгоҳи вилоят хабар дода, гуфт, Юлдуз Бозорова бо модаи 104 қисми 2, бандҳои а, в ,е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, ҳукми додгоҳ 16-уми сентябри соли равон содир шуд.
Манбаъ аз тафсилоти баррасии парванда худдорӣ кард, чун “ҳукм ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст ва тарафҳо имкон доранд дар муҳлати пешбини намудаи қонун аз болои ҳукм ба мақомоти болоии додгоҳӣ шикоят баранд”.
Дар ҳамин ҳол, мавқеи судшаванда наздикон ва вакили дифои ӯ нисбат ба ҳукм маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми июни соли равон Юлдуз Бозороваи 24-сола аз ноҳияи Қубодиён як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард. Дар пайи ин, Хадича - духтараки шашмоҳае, ки ҳамроҳ бо ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) бо захми корд бистарии беморхона буд, субҳи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт. Ду бародараш шифо ёфта, аз беморхона рухсат шуданд.
Як манбаъи “Азия-Плюс” гуфт, ин зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид.
Сабаби ба чунин кор даст задани ин зан маълум нест.
Он замон аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набуд ва “ягон моҷарои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надошт”.
Навори бо корд захмӣ шудани чанд кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси вокуниши тунди корбарон гардид. Аксаран талаб доштанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.
Ин ҳаводис дар ҳоле баҳсбарангез шуд, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯи модарашон дар ноҳияи Фархор расонаӣ ва боиси баҳси тунд дар ҷомеа шуд.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста