Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Парлумони Аврупо бо ибтикори вакили парлумони мазкур Струан Стивенсон ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо як чорабинии илмиву амалӣ бахшида ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» дар Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вакилони парлумони Аврупо, намояндагони маъруфи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байнулмилалӣ дар бахшҳои илм, технология ва инноватсияҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии Иттиҳоди Аврупо ва олимони шинохтаи Аврупо ширкат варзиданд.
«Струан Стивесон ва ҳамоҳансози миллии барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байнулмилалӣ дар бахшҳои илм, технология ва инноватсияҳо Камила Магзиева ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи натиҷаҳои сафар ба Тоҷикистон, гуфтушунидҳо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, боздид аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва корхонаи алюминии «Талко» маълумоти муфассал пешниҳод карда, аз лиҳози илмӣ ва экологӣ бехатар будани сохтмони иншооти мазкурро асоснок намуданд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, Стивесон ва Магзиева дар суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки баҳсҳо атрофи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ як асоси илмиву амалие надошта, ба таври истисноӣ ангезаи сиёсӣ доранд. Онҳо таъкид сохтаанд, ки нерӯи барқи «Роғун» натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, эҳёи иқтисоди Афғонистон ва рушди Покистон низ мусоидат хоҳад кард. С.Стивесон ва К.Магзиева изҳор кардаанд, ки дар минтақа Тоҷикистон як садди боэътимод аз таҳдидҳои муосири ҷаҳони имрӯза аст.
Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи имконот ва лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин сиёсати созандаи Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи захираҳои обии минтақа маълумоти муфассал додааст. Ӯ ҷузъиёти масоили таърих ва марҳилаҳои асосии бунёди нерӯгоҳи «Роғун» дар замони шӯравӣ ва ҷараёни корҳо айни замон дар ин иншоотро шарҳ додааст.
Сафир зикр кардааст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ, ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ташхиси дахлдори ба зилзила тобоварии иншоот ва бехатарии экологии он ба Бонки чаҳонӣ муроҷиат кард ва феълан Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт корҳои дахлдорро анҷом медиҳад.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста