Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» - | Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе, 27-уми июл лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раисҷумҳур иттилоъ доданд, лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат (саратон), сили узвҳои нафас ва пошхурдаи шадиди шуш, бемории ишемикии дил, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳо вобаста ба фаъолияти экстремистӣ ба ҷазои то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамин гуна шахсоне, ки ба мўҳлати зиёда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Бо ҳамин тартиб иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ, ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд. ҳамзамон ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтуков қарор доштани онҳо боздошта шудаанд, ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона бе даъват кардани онҳо ба мақомоти тафтишотӣ ва суд қатъ карда мешаванд.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур кам кардани мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мўҳлати ҷазо, намуд ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содирнамудаи онҳо, ба истиснои шахсони ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда татбиқ карда мешавад.
Амали қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва тасарруфи воситаҳои кўмакҳои хориҷиро содир намудаанд, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.
Ҳамин тариқ мувофиқи маълумотҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз 15 ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, дар назар аст, ки зиёда аз 400 маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбати дигар маҳкумшудагон мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад. Боз қариб 2400 нафар шахсоне, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин нисбати зиёда аз 2000 нафар шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, амали қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки бори охир дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2009 ба муносибати 15-солагии Конститутсияи ҶТ ва соли Имоми Аъзам авф эълон гардида буд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Jonibek30 июл, 2011 07:51
Салом ба хама дустон. Аз ин афв ки аз тарафи раиси чумхур пешниход шуд хело тамоми мардуми кишварро шод кард. Ва назари ман дар он аст ки шохсоне озод мешавад бояд ин амали Чаноби олиро бояд кадр кунанд ва ба амалхои бад даст кашанд ва зиндагии худро аз нав огоз кунанд. Ва дар хаки Чаноби Оли дуо кунанд.зеро ки дар тули истиклол ин 13 афв дар тули 20 соли истиклол мебошад ки дар дар ягон кишвари собик шурави чунин нашудааст...