Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар нишасти сарони кишварҳои Итттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе ширкат намеварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ба нишаст нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф меорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз иштирок дар нишасти мазкур ҳамчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ даст кашида, ба ҷойи ӯ Озарбойҷонро нахуствазир Артур Росизода намояндагӣ мекунад.

Дар таърихи 2-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур гузориши таҳлилии «Натиҷаҳои фаъолияти ИДМ дар тӯли 20 сол ва вазифаҳои минбаъда» ва ҳамчунин масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният, лоиҳаи барномаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, созишнома дар бораи интиқоли намунаҳои воситаҳои нашъаовар, созишнома дар бораи таъмини бехатарии саноатӣ дар иншооти хатарноки саноатӣ, муқаррарот дар бораи Бюо оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар қаламрави ИДМ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.