Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Кувайт дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Амири Давлати Кувайт арзи сипоси худро ба ҷониби тоҷикистонӣ барои иштироки фаъол дар кори ҷаласа иброз дошта, инчунин дар баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар шаҳри Душанбе комёбиҳо орзу намуд.

 Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Амири Кувайт паёму дуруди самимии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати Сарвари давлати тоҷиконро ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боздиди расмӣ дар вақти ба ӯ мусоид расонид.

 Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тиҷорат ва иқтисодиёт табодули назар карда, инчунин соири масоили минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт доктор Муҳаммад Сабоҳ ал-Салим ал-Сабоҳ низ вохӯрӣ анҷом дод.

 Дар оғози вохӯрӣ доктор Муҳаммад Сабоҳ барои иштироки фаъолонаи ҷониби Тоҷикистон дар кори ҷаласа изҳори сипос намуд.

 Дар навбати худ Вазир Ҳ. Зарифӣ ҳамтои кувайтии худро барои бомуваффақият гузаронидани ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё муборакбод кард.

 Дар рафти сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории ду кишварро қайд намуда, аҳамияти муҳим доштани таҳия ва баимзорасии ҳуҷҷатҳои дуҷонибаро, ки барои рушди робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Кувайт пояи ҳуқуқӣ шуда метавонанд, изҳор дошт.

 Вазир ҳамчунин имконияти кушодани намояндагиҳои дипломатии ҳарду кишварро дар пойтахти ду давлат таъкид намуд.

 Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои кувайтии худро барои ба Тоҷикистон ташриф овардан дар вақти барои ӯ мусоид таклиф кард.